Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст
1. Пиёзи хомро бо нон бихӯранд, пешобро меронад. Вале ба хӯрдани ин одат накунанд, ки фаромӯшхотир мекунад.
2. Оби пиёзро бо асал даромехта, дар чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро равшан мекунад.
3. Оби пиёзро баъд аз танқир кардани бадан дар чашм чаконанд, обравии онро дур мекунад.
4. Асалро бо оби пиёз даромехта, дар чашм кашанд, иллати обравии онро дафъ мекунад.
5. Оби пиёзро дар бинӣ резанд, мағзи сарро аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Пиёзро бурида бибӯянд, суддаи майнаро мекушояд.
6. Мурч ва намакро кӯфта, инро якҷоя бо пиёз кӯфта, ба до-ус-саълаб бибанданд, мӯй мерӯёнад.
7. Сари пиёзро бурида партофта, он ҷойи буридаашро ба до-ус-саълаб бимоланд, баъд он пиёзро кӯфта, бо асал сиришта, ба до-ус-саълаб гузошта банданд, дар се маротиба мӯй мерӯёнад.
8. Тухми пиёзро кӯфта, ба до-ус-саълаб барбанданд, мӯй мерӯёнад.
9. Оби пиёзро бо асал даромехта, дар чашм чаконанд, беқувватии чашмро ислоҳ мекунад, зулмати чашмро ки сабаби он моддаҳои ғализ ва рутубат бошад, шифо мебахшад, реши чашмро сиҳат мебахшад.
10. Пиёзро кӯфта, бо асал сиришта, ба нохуни ғафсгашта бимоланд, онро тунук мегардонад.
11. Пиёзро бо сирко пухта бихӯранд ё дар сирко парвардаи онро бихӯранд, иштиҳоро бармеангезад.
12. Пиёзро кӯфта, бо асал ва борути сиёҳ даромехта, ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд, онҳоро дур мекунад.
Copyright © 2024. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.