Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Ҳафтаи китобхонӣ идома дорад

Чӣ тавре, ки хабар дода будем, дар саросари мамлакатамон Ҳафтаи китобхонӣ идома дорад.


Дар доираи Ҳафтаи китобхонӣ дар мактаби миёнаи умумтаълимии ихтисосонидашудаи рақами 21-и ноҳияи Самарқанд бахшида ба 70-солагии Шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммадюсуф тадбири адабӣ баргузор гардид.
Дар он хонандагони мактаб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир маълумот дода, шеърҳо хонданд. Шеърҳои Муҳаммадюсуфро ба оҳанг дароварда, сароиданд. Саҳнагузории хонандагон лоиқи таҳсин буд.
Ба китобхонҳои фаъоли мактаб ташаккурнома супорида шуд.
Дар тадбир раиси ҳизби демократии "Эҳёи миллӣ"-и Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Ё.Оқбӯтаев иштирок ва сухан кард.

Н.ҚАҲҲОРОВА,

директори ахбор-китобхонаи ноҳияи Самарқанд.


Дата добавления: 29/04/2024 10:17;   Просмотров: 13
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку