Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

АНҶИРИ БОҒИБАЛАНД

* Нормурод КАРИМЗОДА

АНҶИРИ
БОҒИБАЛАНД


Дар Самарқанди азим,
Дар деҳаи Боғибаланд.
Бегумон з-аҳди қадим,
Меваи анҷир басо буд шӯҳраманд.
Мағзу пӯсташ ҷонфизо,
анбарсиришт,
Рангу рӯяш зарду шабгун, дилкушо.
Бо вай Одам ёфт унсе дар биҳишт,
Нахли онро парварид Момо Ҳаво.
Оқибат анҷир шуд орои Замин,
Боғу роғ сероб гашт аз хели он.
Хони мардум ҳам зи анҷир ангубин,
Раставу бозори олам нурфишон.
Дар табобат низ давое бебаҳост,
Ибни Сино эътирофаш кардааст.
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз анҷир, ки нест,
Ҷону дилро, гӯӣ, ромаш кардааст.
Заҳрро позаҳр бошад "шир"-и он,
Неши каждум,
мору занбӯр "бишканад".
Ширааш дармони тан, ороми ҷон,
Решу захми бардавомро мебарад.
Ноканҷир ёки анҷиршофтолу
Иштиҳоро мекунад бас қозгир.
Мисли анҷир себу ангур, зардолу
Ҳусни хонро мефизояд ногузир.
Сад тасанно, боғбони бошараф,
Сарзаминро шаҳдборон кардаӣ.
Бӯи хуш ояд маро аз ҳар тараф,
Дашту кӯҳро мевазорон кардаӣ.


Дата добавления: 18/09/2020 16:14;   Просмотров: 586
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку